ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи аввали соли равон ба 5,1 млрд доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Дар ин бора Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ додаА, афзуд, ки нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 508 млн доллар ва ё 9% кам аст.
Аз ҳаҷми умумии гардиши мол қариби 4,2 млрд доллар ба воридот ва зиёда аз 934 млн доллар ба содирот рост меояд.
Маъмурини гумрук мегӯянд, дар давоми моҳҳои январ - сентябри соли равон нисбати ба ҳамин давраи соли пешӣ воридот қариби 369 млн доллар ва ё 10% зиёд шуда, содирот наздики 877 млн доллар ва ё 48% коҳиш ёфтааст.
Дар таркиби савдои хориҷии Тоҷикистон наздики 82% ба воридот ва беш аз 18% марбути содирот мебошад.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон нақшаи пардохтҳои гумрукиро барои нуҳмоҳа қариби 5,5 млрд сомонӣ гуфт, аммо амалан буҷа дар ин муддат зиёда аз 6,7 млрд сомонӣ ворид гардидаст.
Мақомоти гумруки Тоҷикистон таъкид намуданд, ки сарфи назар аз омилҳои мухталиф нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд иҷро намуданд.