ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар натиҷаи беш аз 200 санҷиш дар корхонаю идораҳо дар Тоҷикистон ба маблағи қариб 214 млн сомонӣ зарар ошкор карда шуд.
Дар ин бора муовини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Талбакзода иттилоъ дод, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш 12 млн сомонӣ, Агентии таъминоти амволи махсус - 5,5 млн. сомонӣ, дар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ - беш аз 5 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудаст.
ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Душанбе, Норак, Бохтар, Гулистон ва Истаравшан 4 млн сомонӣ зарар ба давлат овардаанд.
Дар зерсохтори Гвардияи миллӣ қариби 4 млн сомонӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қариби 3 млн сомонӣ, Вазорати кишоварзӣ 2,6 млн сомонӣ, Хоҷагии манзилию коммуналӣ - 2,5 млн сомонӣ ва "Тоҷикстандарт" - 2,2 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
Аз ҷумлаи камбудиҳои ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ, тасарруф, изофанависӣ, талафи воситаҳои пулӣ ва пинҳонсозии андозҳо ном бурда шудаанд.