Ду ҳавопаймои вазорати дифои Русия ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона расониданд

Вазорати хориҷаи Русия хабар дод, ки ду ҳавопаймои вазорати дифоъ ба кишвари Афғонистон 40 тон кӯмаки башардӯстона расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Русия ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро идома медиҳад ва ҳавопаймоҳои вижаи вазорати дифои Русия барои осебдидагони заминларза дар Ҳирот ба Кобул ҳудуди 40 тонна кумаки башардӯстона интиқол додаанд.
Дар ин бора дар сомонаи Вазорати хориҷаи Русия нашр шудааст.
"Рӯзи 11 ноябр бо супориши Ҳукумати Русия ва Маркази тиҷоратии Афғонистон дар шаҳри Маскав бо роҳбарии М.Нодиршоҳ ду ҳавопаймои махсуси Вазорати дифои Русия ба Кобул ҳудуди 40 тонна кӯмаки башардӯстона интиқол доданд. Русия кӯмаки башардӯстона ба мардуми дӯсти афғонро, ки аз заминларзаҳои харобиовари ахири Ҳирот осеб дидаанд, идома медиҳад”, - гуфт вазорати умури хориҷии Русия.
Рӯзи 7 октябр дар ғарби Афғонистон як силсила заминларза ба шиддати то 6,4 балл рух дод. Ҳафтаи дигар дар кишвар заминларзаҳои нав ба амал омаданд, шумораи умумии қурбониён бештар аз 10 ҳазор нафар ҳисоб карда мешавад.
Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумак мефиристад
Ёдовар мешавем, ки қаблан бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд.
Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.