Футболбозони навраси Тоҷикистону Русия бо ҳам рақобат хоҳанд кард

Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Русия дар моҳи ноябри соли равон дар Душанбе бозиҳои дӯстона баргузор хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар рӯзҳои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе силсилабозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Русия баргузор мешаванд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол 17 ва 20 ноябр бо ҳамсолони худ аз Русия вохуриҳои дӯстона баргузор менамояд.
Дастаи дигари Тоҷикистон - мунтахаби наврасони то 15-сола низ 18 ва 21 ноябр бо ҳамсолони худ аз Русия рақобатҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон - U-17 бо ҳамсолонашон аз Русия моҳи феврали соли равон дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" бо ҳам рақобат карда буданд.
Наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Русия бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд.