ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон мулоқоти ҷонибҳои Русия ва Тоҷикистон дар мавзӯи муҳоҷират баргузор шуд.
Аъзои Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва равобит бо ҳамватанон дар ҷараёни боздиди худ ба Душанбе бо вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва ҳамчунин раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳоҷират, сайёҳӣ, рушди забони русӣ, инчунин, такмили ихтисоси омӯзгорон дар Русия баррасӣ шуданд.
Мавзӯи ҷалби ташкилии муҳоҷирон барои кор дар Федератсияи Русия низ баррасӣ шуд, гуфт раиси кумита Леонид Калашников.
"Мо бо ҳамтоён мубодила кардем, ки дар соҳаи муҳоҷират чӣ гуна кор кард, он хеле ҳассос аст: аз як тараф, он ба мо захираҳои меҳнатӣ меорад, ки дар Русия он намерасад, аз тарафи дигар, баромадҳои популистии баъзе сиёсатмадорон ,барои имиҷ, ки таъсири хеле бузурге ба бор меоранд”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи эҷоди механизми бозгашти хатмкунандагони мактабҳои олии Федератсияи Русия ба ватан, ки бо квота дар соҳаи омӯзгорӣ мехонанд, баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни боздидаш аз Душанбе Калашников ҳамроҳ бо аъзои кумитаи Думаи давлатӣ аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Юрий Гагарин, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дидан кард.