ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистону Русия дар Душанбе масоили мухталифи муҳоҷиратро баррасӣ карданд.
Ҳайати Думаи давлатии Русия бо вакилони парлумони Тоҷикистон чанд мавзӯи муҳимро баррасӣ мекунад, ки яке аз онҳо бо кор таъмин кардани муҳоҷирон мебошанд.
Дар ин бора Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ тавзеҳ дод, ки вакилони Думаи давлатии Русия барои баррасии "масъалаи мураккаби муҳоҷират" вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.
"Он чизеро, ки ба касе писанд нест, муҳокима хоҳем кард, ки дар он ҷо бояд чораҳои муайян андешида шаванд. Дар ин ҷо мо дар сафи пеш ҳастем ва дар Русия ҳамзамон баъзан мақомоти иҷроияи худро маҷбур мекунем, ки ин масъалаҳоро ҳал кунанд", - шарҳ дод вакил ҳадафи сафарашонро ба Тоҷикистон.
Қаблан Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро ба тасвиб расонд.
Созишномаи байни кишварҳои муштаракулманофеъ ташкили бозори умумии меҳнат, ҳамчунин таҳия ва татбиқи низоми ҷалби муташаккили муҳоҷирон, мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва афзоиши ҳаракати захираҳои меҳнатиро пешбинӣ мекунад.