Мирзиёев ба Душанбе меояд: Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд

Раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот ду роҳбар изҳори умедворӣ карданl, ки ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки соли оянда дар назар аст, ба инкишофи минбаъдаи робитаҳои ду давлат ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидати муассир хоҳад намуд.
Раҳмон дар Тошканд: Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон
Ҷонибҳо барои дар доираи ин сафар баргузор намудани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ ба мувофиқа расиданд.
Зимни суҳбат Сарони давлатҳо ҳамчунин дар бораи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.