Танҳо аз як вилояти Эрон 58 нафар соҳибкор вориди Тоҷикистон шуд

Дар ҳамоиши тиҷорӣ дар Душанбе 100 нафар аз фаъолони иқтисодии эронӣ ва 150 нафар аз фаъолони иқтисодии тоҷик ширкат хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон Муҳаммадҳусайни Равшанак гуфт, ҳамзамон бо сафари раисҷумҳурии Эрон ба шаҳри Душанбе, ҳайати тиҷории 58 нафара аз мудирону фаъолони иқтисодӣ, бозаргонону корофаринони Хуросони Разавӣ ва бархе устонҳои кишвар ба Тоҷикистон сафар карданд, иттилоъ додааст "Садои Хуросон".
Оқои Равшанак афзуд, ин шумори болои фаъолони иқтисодӣ аз кишвари Эрон, ки ба Тоҷикистон сафар карданд, нишон аз равобити матлуби тиҷорӣ байни ду кишвар дорад.
Вай бо баёни ин, ки бештари аъзои ин ҳайати тиҷорӣ марбут ба устони Хуросони Разавӣ аст, гуфт, дар ин ҳайат муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондорӣ, мудири кулли санъат, маъдан ва тиҷорат ва раиси намояндагии вазорати умури хориҷаи шимоли шарқ дар Хуросони Разавӣ ва ҳамчунин панҷ нафар аз аъзои ҳайати раисаи Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон низ ҳузур доранд.
Раҳмону Раисӣ вазъи Ғаззаро баррасӣ хоҳанд кард
Раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон афзуд, ин сафар дар посух ба сафари ҳайати тиҷорӣ - корофаринии кишвари Тоҷикистон ба Эрон ва Хуросони Разавӣ аст ва қарор аст, дар ҳамоиши тиҷорӣ - корофаринӣ – созандагӣ 100 нафар аз фаъолони иқтисодии эронӣ ва 150 нафар аз фаъололни иқтисодии тоҷик ширкат кунанд.
Вай бо ишора ба муҳимтарин масоиле, ки дар сафари ҳайати тиҷории Хуросони Разавӣ ба Душанбе дунбол мешавад ҳам гуфт, лағви раводид, таъмини вагон барои содироту осонсозии масири ҳамлу нақли коло аз Тоҷикистон ба Эрон ва баръакс, ҳамоҳангии стандарти муштарак барои табодули колоҳо бо Тоҷикистон, коҳиши тарофа ва боҷи воридоти бархе колоҳо аз Ҷумҳурии исломӣ ба Тоҷикистон аз хостаҳои ҳайати тиҷории Эрон дар ин сафар аст.