Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи театри тоҷик дар Хатлон

Муовини раиси вилояти Хатлон, ҳамоиши тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, аҳли ҳунарро ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик табрик намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи театри тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин бора Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, зимни суханронӣ аз дастовардҳои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ёдовар шуда, аз музаффариятҳои ҳунармандони ин боргоҳ дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту" тӯли се соли охир ситоиш кард.
“Муҳимтарин дастоварди солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳунармандони ин даргоҳ он аст, ки 25 августи соли 2016 бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои хуштарҳу замонавии театри мазкур дар самти фаъолияти касбии ҳунармандон мусоидати бештар мекунад”,- таъкид кард вай.
Дар Душанбе беҳтарин ҳунармандони театр қадрдонӣ шуданд - видео
Бахшида ба Рӯзи театри тоҷик ба ҳунармандони театри вилоятӣ Сипосномаи Мақомоти вилояти Хатлон тақдим гардид.
Дар идома барноми ҷолиби консертӣ таҳти унвони "Ҷилваи ҳунар", ки аз порчаҳои гуногуни саҳнавӣ иборат буд, намоиш дода шуд.