Раисӣ ба Душанбе омад: Раисҷумҳури Эронро дар фурудгоҳ кӣ пешвоз гирифт?

Раисиҷумҳури Ҷумҳурии исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба даъвати расмии кишвардори Тоҷикистон озими шаҳри Душанбе шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Эронро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Эрон дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.
Раҳмону Раисӣ вазъи Ғаззаро баррасӣ хоҳанд кард
Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Эрон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, Президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон иштирок менамояд.