Путин: Бархе аз кишварҳо субот дар кишварҳои ИДМ-ро қасдан ноором месозанд

Раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки дар қаламрави кишварҳои ИДМ барои таъмини амният барои пешгирӣ аз нооромиҳо кори бештаре бояд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Фаъолияти бархе аз кишварҳо мустақиман ба заиф кардани қудрат дар кишварҳои пасошӯравӣ нигаронида шудааст, гуфт Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар паёми видеоӣ ба иштирокчиёни ҷаласаи XI котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ.
Ба гуфтаи оқои Путин кишварҳои ИДМ дар соҳаи амният бояд корҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намоянд.
"Гузашта аз ин, амали бархе аз кишварҳо мустақиман ба ноором кардани қудрати қонунӣ, суботи иҷтимоӣ ва арзишҳои суннатӣ дар кишварҳои ИДМ, ҳамчунин вайрон кардани равобити наздики анъанавии тиҷоратӣ, ҳамкорӣ ва фарҳангии мо нигаронида шудааст", - гуфт ӯ.
Раҳбари Русия қайд кард, ки таҳдидҳои муштараки терроризм, ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин ифротгароӣ барои кишварҳои узви ИДМ умумӣ боқӣ мемонанд. Илова бар ин, хатарҳо дар соҳаҳои амнияти иқтисодӣ, иттилоотӣ, технологӣ ва биологӣ низ боқӣ мондаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Чунин фасоде, ки дар Украина аст, дар ҳеч ҷои дунё нест
Путин афзуд, ки вазъи байналмилалӣ бениҳоят муташанниҷ боқӣ мемонад.
"Дар як қатор минтақаҳо низоъҳои пешина авҷ гирифта, маконҳои нави низоъ ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла, дар Ховари Миёна, ки даври нави бархурди Фаластину Исроил ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз он пеш аз ҳама ғайринизомиён азият мекашанд", - қайд кард президент.
Оқои Путин афзуд вазъият "на танҳо вокуниши ҳамоҳангшудаи якҷо балки кори зиёди пешгирикунандаро низ талаб мекунад."
Путин таъкид кард, ки барои кишварҳои ИДМ муҳим аст, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъ дар кишварҳои муштаракулманофеъ ва дар маҷмуъ дар ҷаҳон аз имконоти пешгӯӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии шӯроҳои амниятӣ пурра истифода намоянд.