ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Русия қариби 100 ҳазор ҳолати нақзи қонунгузории муҳоҷирату тартиби кори хориҷиҳо ошкор шудаанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дода, афзуд, ки санҷишҳои махсус таҳти унвони "Нелегал-2023" аз 19 то 25 июн ва аз 2 то 8 октябр гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ зиёда 96 ҳазор ҳодисаи нақзи қонунгузории муҳоҷират ба қайд гирифта шудааст.
Тавзеҳ дода шуд, ки беш аз 73 ҳазор ҳолати нақзи қоидаҳои муқарраршудаи вуруд ва будубош ба кишвар ва зиёда аз 22 ҳазор ҳолати вайрон шудани меъёри Кодекси меҳнат аз ҷониби хориҷиҳо ошкор гардид.
Мақомот дар пайи баррасии ҳолатҳои ошкоршуда дар нисбати 15 ҳазор хориҷӣ қарори берун кардан аз қаламрави Русияиро қабул кардаанд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчунин вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фурӯши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин убури ғайриқонунии марз 3,6 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боз 447 нафар шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи федералӣ ва байналмилалӣ қарор доштанд, дастгир карда шуданд.
Амалиёти "Нелегал" тақрибан ҳамасола дар ҳамоҳангии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гузаронда мешавад, то раванди муҳоҷират ба танзиму қонуншиканиҳо дар ин бахш ҷилавгирӣ гарданд.