ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар пайни анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳо баргузор шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ҳузури сарони давлатҳо Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳо дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ имзо шуд.
Ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамлу нақл тавассути бандари "Чобаҳор", ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҳамкорӣ дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ имзо шуданд.
Барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон барои солҳои 2022-2030 аз санадҳои дигари имзошуда мебошанд.
Ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот, технология ва навоварӣ, ҳамкориҳои почтавӣ ва ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Созмони таъзироти ҳукуматии Эрон имзо шуданд.
Тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанд шаҳри Язди аз санадҳои дигар будаанд.
Санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи илму технология, фарҳанг ва ҳунар, садо ва симо, варзиш, китобдорӣ, шаҳрдории Душанбею Машҳад, роҳи оҳан дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои имзошуда зикр гардидааст.
Дар маҷмуъ аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Эрон 19 санади нав имзо карда шуд.