“Ағбар ва толибон”: сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, овозаҳои марбут ба эъзоми дипломати гурӯҳи толибон ба Душанберо рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Ин мактуб чанд рӯз ба ин сӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гуруҳҳои маҷозӣ чарх мезад ва аз ҷумлаи табсираҳо ин буд, ки Толибон бар сафорати Афғонистон дар Душанбе тасаллут пайдо хоҳанд кард.
Бино ба ин мактуб, ки гӯё аз сӯи Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи толибон ба имзо расидааст ва дар дастраси Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, ба сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки як дипломат ба номи Файзуллоҳ дар вазифаи котиби аввали сафорат таъйин гардад ва маоши кормандон низ тариқи шахси дигаре ба номи Атоӣ интиқол меёбад.
Зоҳир Ағбар бо баргузории як нишасти матбуотӣ дар вокуниш ба ин мактуб гуфт, намояндагии сиёсии мардуми Афғонистон моли қавме, танзиме ё созмони сиёсие набуда, балки як амонати мардуми Афғонистон аст.
“Ман ва тими кории мо масъулияти ҳифозати онро ба дӯш дорад. Мо ба мардуми худ итминон медиҳем, ки илло омадани як ҳукумати машруъ дар Афғонистон аз ин амонат ҳифозат мекунем”, - гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.
Вай афзуд, мактуби Толибоне, ки на машруъияти дохилӣ доранду на машруъияти хориҷӣ назди мо эътибор надорад.
Таъкиди толибон* бар ҳамкории ҳамсоягон барои барқарории субот дар Афғонистон
“Бо эҳтиром ба калимаи муқаддаси он, ки дар болои он тазаккур рафтааст, ман ба мардум итминон медиҳам, ки то омадани як низоми машруъ ҳеҷ навъ машруъияте ин гуруҳ дар назди мо надошта, ман фақат ба як шеъри пашту хулоса месозам, ки “Ман монанди як дарахти маҳкам ва рост дар ҷойи худ ҳастам, агар баҳор биёяд ё хазон!”, - гуфт Зоҳир Ағбар.
Зимнан, ин бори аввал нест, ки мактубе ба ин маънӣ аз Толибон унвонии сафорати Афғонистон дар Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешавад. Соли гузашта низ чунин мактуб дар дастраси умум қарор гирифта буд, аммо ҳеҷ тағйире дар сафорати Афғонистон дар Душанбе наомад.
Дар ин миён, бино ба иттилоъе, ки аз манобеъи муътамад дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, Тоҷикистону толибон тавонистанд сари кори консулии Афғонистон дар Хоруғ ба як файсала бирасанд. Бино ба он, консулии Афғонистон дар Хоруғ ҳаққи судури раводид барои шаҳрвандони ду кишварро, ки бо тиҷорат машғуланд ва барои анҷоми корҳои шахсӣ зарурат доранд, пайдо кардааст. Корҳои консулиро ҳайати қаблии он таҳти раҳбарии консул Наҷибулло Деҳқонзода пеш мебарад.
Зоҳир Ағбар гуфт, консулии Афғонистон дар Хоруғ ба ҳеҷ сурат дар ихтиёри Толибон қарор нагирифтааст.

“Мо онро ба хотири надоштани имконоти иқтисодӣ ба таълиқ даровардем ва ҳамкоронамон дар ин ҷо ба кори худ идома медиҳанд”, - гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Зоҳир Ағбар мегӯяд, сафорат дар Тоҷикистон танҳо намояндагии сиёсии Афғонистон аз миёни 65 намояндагӣ дар хориҷ аст, ки ҳукумати кунунии Толибонро эътироф намекунад.
Кобулов гуфт, Душанбе чиро дар мавриди Толибон* дар эъломияи Қазон написандид
“Мо толибро ба расмият намешиносем, мо бо толиб ҳеҷ навъ иртиботе надорем, на иртиботи хаттӣ дорем, на шифоҳӣ”, - гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Зоҳир Ағбар мегӯяд, аз “толибҳое, ки нисбат ба ватани худ ишқу алоқа доранд” даъват мекунад, то аз таҷрибаи ҳукумати Ҳизби демократӣ, ҳукумати муҷоҳидин ва ҳукумати 20-солаи ҷумҳурият биомӯзанд.
“Ҳеҷ хориҷие наметавонад ватани моро бисозад. Имрӯз тӯб дар майдони Толибон аст. Биёянд, ивази ин ки ба хориҷиҳо муроҷиат мекунанд, аз онҳо машруъият металабанд, ба мардуми худ муроҷиа бикунанд ва машруъият ёбанд”, - гуфт ӯ.
Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки пас аз ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон дар 15 августи соли 2021 мухолифати худро эълон кард. Ин кишвари Осиёи Марказӣ аз Толибон эҷоди як ҳукумати ҳамашумул бо ширкати тамоми ақвом, аҳзоби сиёсӣ ва қишрҳои мухталифи Афғонистонро тақозо дорад. Он чӣ ки тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Эрон, Чин, Амрико, Аврупо ва бақия кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд.