Вазорати дифои Русия навори фармондеҳи як гурӯҳи ҳамлагари нерӯҳои рус, Иванро нашр кардааст, ки мегӯяд, нерӯҳои украинӣ акнун ақибнишинӣ мекунанд.
"Онҳо танҳо ақибнишинӣ мекунанд, аз артиши касбӣ кам касон боқӣ мондааст. Аксаран басиҷшудаҳо мебошад, шояд як қисми зархаридон бошанд, ки ба мавқеъҳои пеш намераванд", - гуфт Иван.
Вай изҳор дошт, ки нерӯҳои зархарид одатан аз масофаи дур назорат мекунанд, ё ҳамчун монеа барои ақибнишинӣ истодаанд.
Худи "Иван" неррӯҳои десантии ҳавоии ҳамлагар фармондеҳӣ мекунад ва дар навори нашркардаи Вазорати мудофиаи Русия ҷанги гуруҳи таҳти роҳбарии ӯ сабт гардидааст.
Дар навор нерӯҳои ҳамлагар, дар гурӯҳҳои хурди ҳамлаӣ аз чанд самт пинҳонӣ ба бошгоҳи нерӯҳои Украина наздик шуданд, ки тибқи иттилои разведка, як воҳиди украинӣ барои ҳаракат ба сӯи мавқеъҳои дифоии Русия омодагӣ мегирифт.
Дар натиҷа нерӯҳои ҳамлагар пешдастӣ карда, як БМП-1 ва як танки сабуки тарҳи ғарбиро нобуд карданд.
Ҳангоме ки ҷангҷӯёни украинӣ мехостанд ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаронд, ба онҳо гурӯҳи ҳимоятӣ Иван ҳамла карданд. Дар натиҷа ҷангҷӯён чанд нафарро талаф дода, аз нақшаҳои худ даст кашиданд.