ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Русия ва Чин тиҷорати мутақобиларо ба таври қобили мулоҳиза афзоиш доданд.
Ҳамин тариқ, дар давраи аз январ то октябри соли 2023 ҳаҷми гардиши коло наздики 28% афзуда ба 196,5 млрд доллар баробар шудаст.
Ин маълумоти омориро Сарраёсати гумруки ҷумҳурии мардумии Чин нашр намудааст.
Чин ба Русия ба маблағи 90 млрд доллар коло ворид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ҳудуди 52% зиёд мебошад.
Ҳаҷми интиқол аз Русия ба Чин беш аз 12% афзуда, ба 106 млрд доллари амрикоӣ расидааст.
Танҳо дар моҳи октябр гардиши мол миёни ду кишвар қариб ба 20 млрд доллар расид. Аз ин миқдор Русия ба Чин ба маблағи 11 млрд мол содир карда, аз он 8,7 млрд доллар харидааст.
Дар охири соли 2022 гардиши мол байни шарикон зиёда аз 29% афзуда, нишондоди рекордӣ дар ҳаҷми беш аз 190 млрд долларро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки президентҳои Русия ва Чин Владимир Путин ва Си Ҷинпин қаблан ҳадафи ду баробар афзоиш додани гардиши мол, яъне аз 100 млрд доллар дар соли 2018 то ба 200 млрд дар соли 2024 гузошта буданд.