Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд меравад

Дар барномаи ин сафар кишвардори Тоҷикистон мулоқотҳои алоҳида бо сарони дигар кишварҳои узви созмон дар назар нест. Ӯ субҳ рафтаву шом бармегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд меравад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафари президент ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ аст.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон фардо президенти Эрон Иброҳим Раисиро дар Душанбе истиқбол карда, субҳи 9 ноябр ба Тошканд меравад.
Ҳамоиши мазкур рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд дар назар аст.
Тибқи гузориши дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон дар он қарор аст сарони давлат ва ҳукуматҳои ҳашт кишвар ширкат кунанд.
Аз энергетикаи "сабз" то амният: Раҳмон дар ҳамоиши ИДМ чӣ гуфт?
Таъкид шудаст, ки нишасти 16-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд.
"Дар ин чорабинӣ сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия ширкат хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсия ва гуманитарӣ дар доираи СҲИ, инчунин такмили фаъолияти ин сохтори бисёрҷониба баррасӣ мешаванд.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкилоти минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки соли 1985 таъсис ёфтааст. Феълан ба он Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.