ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Сарони давлат ва ҳукуматҳои ҳашт кишвар дар дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок хоҳанд кард.
Ҳамоиши мазкур рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд дар назар аст, иттилоъ дод дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон.
Таъкид шудаст, ки нишасти 16-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд.
"Дар ин чорабинӣ сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия ширкат хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.
Дар Тоҷикистон роҳбарии давлат ва ҳукуматро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад, аммо Душанбеи расмӣ ҳанӯз расман эълон накардааст, ки кӣ кишварро дар ҳамоиш намояндагӣ хоҳад кард.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсия ва гуманитарӣ дар доираи СҲИ, инчунин такмили фаъолияти ин сохтори бисёрҷониба баррасӣ мешаванд.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкилоти минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки соли 1985 таъсис ёфтааст. Феълан ба он Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.