ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико наметавонад ба Украина беохир кӯмак кунад, зеро он мушкилоти кофии худро низ дорад.
Ин нуктаро котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия-1" баён доштаст.
"Ҳам дар Амрико ва ҳам дар Аврупо хастагӣ аз мавзӯи Украина, аз режими Киев ва бори гароне, ки онҳо бар дӯши худ гузоштаанд, меафзояд", - гуфт сухангӯи Кремл.
Дмитрий Песков ба таври ҷудогона тавзеҳ дод, ки вай "таъмини молии режими Украина ва таъмини силоҳу муҳимотро" дар назар дорад.
"Ҳатто чунин кишварҳои абарқудрат аз нигоҳи иқтисодӣ, ба монанди Иёлоти Муттаҳида наметавонанд, ин корро беохир анҷом диҳанд ва онҳо мушкилоти зиёди худро доранд ... ва ҳамаи ин дар як вақт ба бори зиёдатие табдил меёбад, ки онҳо дигар қодир ба кашидани он нестанд", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон вай таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки кишварҳои ғарбӣ дарк мекунанд, ки як қисми маблағе, ки ба ҷониби Украина ҷудо мешавад, дуздида мешавад.
Ин масъала дар баҳсҳои сиёсӣ матраҳ мешавад ва сиёсатмадорони амрикоӣ бояд ба интихобкунандагон бигӯянд, ки чаро механизми назорати хароҷот вуҷуд надорад.