ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. То оғози ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон наздики 805 ҳазор тон картошка ҷамъоварӣ шудааст, иттилоъ додааст Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 30 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосил дар бархе аз қисматҳои ҷумҳурӣ идома дошта, ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна ҳудуди 233 сентнерро ташкил медиҳад.
Зикр гардидаст, ки соли равон олимони соҳаи физиология ва генетикаи растанӣ бо истифода аз усулҳои биотехнологӣ ва селексионии муосир роҳҳои ба даст овардани тухмиҳои аълосифати суперэлита ва элитаи зироати картошкаро коркард намудаанд.
Ба иттилои масъулини бахши кишоварзии Тоҷикистон, навъҳои картошкаи ба гармию хушкӣ тобовари "Тоҷикистон", "Рашт" ва "Ан-1" ҳосилнокии миёнаи 37 то 41 тонна аз як гектарро ташкил медиҳад.
Навъи картошкаи "Тоҷикистон" ба сифати навъи стандартӣ қабул гардида, дар майдони васеъ кишт мешавад.
Дар Тоҷикстон картошкаро "нони дуюм" ном мебаранд, зеро аз рӯи талабот миёни аҳолии кишвар баъди маҳсулоти гандумӣ дар ҷои дуюм меистад.