ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Қарор аст, дар фурудгоҳҳои Маскав изи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон ҳангоми вуруд ба пойтахт ҷорӣ шавад.
Дар ин бора сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки чунин иқдом аз ҷониби ҳукумати Маскав низ сурат гирифтааст.
"Дар ҳар як фурудгоҳи маркази ҳавоии Маскав меҳмонон изи ангушт ва аксбардорӣ карда мешаванд",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ин барои он зарур аст, ки афроде, ки маълумоти насби худро иваз мекунанд, ба қаламрави Русия ворид нашаванд.
Сабти изи ангуштон усули муайян кардани шахс аст, ки бар асоси вижагии шакли пӯст сурат мегирад. Ин принсип дар илми криминалистӣ васеъ истифода мешавад.
Қаблан дар Русия афзоиши шумори муҳоҷирон сабт шуда буд. Бар асоси натоиҷи 8 моҳи соли 2023 афзоиши иҷозатномаҳои кор 20% -ро ташкил дод.
Қайд карда мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ 110,5 ҳазор иҷозатномаи кор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 19,6% зиёд аст.
Қобили зикр аст, ки аз ин 46,1 ҳазор ҳуҷҷат ба мутахассисони баландихтисос дода шудааст - дар ин ҷо афзоиш 0,9 фоизро ташкил додааст.