ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Президенти ФФт, Рустами Эмомалӣ вазъи варзишгоҳҳо ва зерсохтори футбол дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриро интиқод кард.
Ба иттилои ФФТ, Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо масъулин аз ҷумла аз тарки лигаи олӣ кардани "Регар-ТадАЗ" ва "Хатлон" нигаронӣ кард.
Ӯ зикр намудаст, ки замоне "Регар-ТадАЗ" рақиби асосии "Истиқлол" барои медалҳои тилло буд.
"Ҳоло яке аз бошгоҳҳои серҷоизатарини кишвар ба лигаи якуми Тоҷикистон меравад – ин барои роҳбарияти "Регар-ТадАЗ" ва "ТАЛКО" хеле бад ва баҳои паст аст", – гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин аз тими Бохтар низ чун дастаи дорои мактаби хуб хонд, ки ҳамакнун номуваффақ шудааст.
"Моро лозим аст, ки барои мухлисон шароит муҳайё созем ва шомгоҳон бозиҳои чемпионати Тоҷикистонро баргузор кунем", – қайд кард роҳбари ФФТ.
Қабл аз оғози мавсими навбатии футбол дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳҳои "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд, "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар, Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ва "ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода чароғҳо насб карда шаванд.
Роҳбари ФФТ ҳамчунин дастур дод, ки барои ҷалби мухлисон ба варзишгоҳҳо ва ташкили бозиҳои шавқовар барои ҳавасмандии онҳо дар бозиҳои чемпионат чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Рустами Эмомалӣ аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, тоҷирон ва хайрхоҳон даъват кард, ки ба рушди футбол дар кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, на танҳо бошгоҳҳо, балки дастаҳои футзал, ҷавонон ва занонаро низ дастгирӣ намоянд.