ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Русия дар чаҳорчӯби барномаи муштараки мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон 250 миллион рубл ихтисос медиҳад.
Дар ин бора ба РИА "Новости" аз хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Русия хабар доданд.
Ин санадро раҳбари Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев имзо карданд.
Созишнома, ки то соли 2025 қабул шудааст, ҳамкориҳои ду кишварро дар амри ошкор ва аз байн бурдани паҳншавии маводди мамнӯъ пешбинӣ мекунад.
Зимнан, зимни имзои ин санад сафири Русия дар Душанбе Семён Григорьев ҳузур дошт ва оҷонсии Тоҷикистон нақши назарраси кишварро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон таъкид кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия чанде пеш барои идомаи тарҳи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ 500 ҳазор доллар ҷудо карда буд.