ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Барои назорати раванди иҷрои буҷаи давлатӣ барои соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон соати парлумонӣ баргузор гардид.
Ба иттилои Маҷлиси намояндагон, ин иқдом бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ва таҳти раёсати муовини якуми раиси палатаи поёнии парлумон, Маҳмадалӣ Ватанзода сурат гирифт.
Ба вакилон вазири молия, сардори Хадамоти гумрук, мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, муовини раиси Кумитаи андоз ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷараёни иҷрои буҷа дар 9 моҳи соли равон ҳисобот додаанд. Тафсилот оварда нашудааст.
Танҳо таъкид шудааст, ки рушди босуботи мамлакат маҳз аз таҳияи дуруст, воқеъбинона, шаффофияти буҷаи давлатӣ вобастагӣ дорад.
Иҷрои босифати он яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад ва Маҷлиси намояндагон аз ҷумла ба воситаи соати парлумонӣ ин равандро назорат мекунад.
Дар парлумон аз ниҳодҳои масъул истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ ба таври зарурӣ талаб карда шудаст.