Таҳияи шиносномаи хориҷии тоҷикӣ дар Русия мутаваққиф шуд: То кай?

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расондааст, ки маҳдудиятҳо дар кори хадамоти консулӣ се рӯз давом хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳуҷҷатҳо барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ дар хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Русия қабул карда намешаванд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як эълон хабар дод.
Сафорат ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расондааст, ки маҳдудиятҳо дар кори хадамоти консулӣ се рӯз давом хоҳанд кард ва онро ба сабабҳои техникӣ рабт додаст.
Мишустин хостори назорати бештари муҳоҷирон шуд
"Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон расонда мешавад, ки бинобар сабабҳои техникӣ аз 3 ноябр то 6 ноябри соли 2023 дар Хадамоти консулии сафорат таҳияи шиносномаи хориҷӣ маҳдуд карда шуда, ҳуҷҷатҳо барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ қабул карда намешаванд", - омадааст дар эълон.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат доранд, ки таҳияи шиноснома яке аз хадамоти серталаб ба шумор меравад.
Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ тоҷик дар Русия ҳудуди 1 млн нафар арзёбӣ мешавад, ки қабулкунандаи калонтарини муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба шумор меравад.