ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Украина аслиҳа ба Шарқи Наздик ва инчунин ба Толибон* мефурӯшад, изҳор дошт президенти Русия, Владимир Путин.
Вай дар вохӯрӣ бо аъзои Палатаи ҷамъиятии Русия фасод дар Украинаро хеле густурда арзёбӣ кард.
"Чунин фасоде, ки дар Украина аст, дар ҳеҷ ҷои дунё вуҷуд надорад, он ҷо амалан фасод қонунӣ шудааст", - гуфт Путин.
Бо такя ба ин гузоришҳо дар бораи силоҳ аз Украина дар Ховари Миёна раисиҷумҳурро ба ҳайрат намеоваранд.
"Ҳоло мегӯянд, ки аслиҳа дар Ховари Миёна (аз Украина) пайдо мешавад. Албатта, пайдо мешаванд. Барои он ки мефурӯшанд. Ва ба Толибон* мефурӯшанд ва аз онҷо ба ҷои дигар мераванд. Ҳама чизро мехаранд ва мефурӯшанд", - гуфт ӯ.
Путин таъкид намуд, ки ба далели мушкили фасод ИМА иваз кардани элитаро дар Украина дар сар мепарварад.
*-гуруҳ барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад