ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Паҳлавони тоҷик, Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило қаҳрамони ҷаҳон миёни собиқадорон шуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб сурат гирифта, Хоркашев дар чор рақобат се варзишгари қазоқ ва як варзишгари Ӯзбекистонро мағлуб намуд.
Намояндаи дигари Тоҷикстон Мақсадшо Бердиев пас аз пирӯзӣ бар варзишгарони Озарбойҷон, тими паноҳандагон, Фаронса, Италия, дар финал аз намояндаи Гурҷистон шикаст хӯрд.
Бердиев сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон миёни собиқадорон шуд.
Намояндагони Тоҷикистон дар ин сабқати байналмилалӣ ҳамчунин 3 медали биринҷиро ба даст оварданд.
Хоркашев дар гузашта дар риштаи самбо ҳунарнамоӣ карда, борҳо дар ин ришта ноиб-қаҳрамони ҷаҳон шудааст.
Вай соли 2019 аз анҷоми фаъолияти касбияш эълон карда, феълан танҳо дар мусобиқаҳо барои собиқадорон иштирок мекунад.