ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ, маркази маҳмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзиши роҳкиро якбора гарон шуд.
Дар ин бора мақомоти вилоят хабар дода гуфтаанд, ки ин тасмим дар дар асоси хулосаи хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ВМКБ ва раёсати Муассисаи давлатии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ гирфита шуд.
Сабаби ин иқдом яку якбора баланд гардидани нархи сӯзишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ, ки таъсири он ба минтақа низ расид, арзёбӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки ахиран дар вилоят бензин аз 8,80 ба 12,2 ва гази моеъ аз 5,7 ба 9,5 соомнӣ боло рафт.
Ҳамин тариқ шурӯъ аз имрӯз 2 ноябри соли 2023 нархи роҳкироҳи воситаҳои хизматрасонии ҷамъиятии тамғаи "Тангем" дар ҳамаи хатсайрҳои шаҳри Хоруғ аз 2 сомонӣ ба 2,5 сомонӣ ва нархи хизматрасонии автобусҳо аз 1,5 сомонӣ ба 2 сомонӣ бардошта мешавад.
Мақомоти вилоят изҳори итминони кардаанд, ки сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғ вазъи воқеии бозори ҷаҳониро дуруст баҳогузорӣ намуда, талаботи риоя менамояд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан муовини раиси вилоят Анвар Иматшозода зимни як ҷаласа аз гаронии нархи доруву маводи сӯхт изҳори нигаронӣ карда, таъкид кард, ки рӯзҳои охир ба минтақа бензини пастсифат ворид мешавад.
Ӯ хостори назорати қимати маводи сӯхт дар минтақа шуда буд, аммо чанд рӯз пас аз он аз гаронии роҳкиро хабар шуд.
Бино ба таҳлилҳои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, нархи чаканаи фурӯши бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи июли соли равон рӯ ба афзоиш овардаст.
Ба иттилои ин ниҳод гаронӣ дар кишварҳои содиркунанда низ ба назар мерасад.
Коршиносони соҳа ин динамикаро аз як сӯ ба болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва аз сӯи дигар тағйири механизми демпинг марбут медонанд.