Кӣ пешсаф: гузориши Вазорати дифоъ аз як моҳи сарбозгирӣ дар Тоҷикистон

Вазорати дифои Тоҷикистон аз натоиҷи маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ гузориш дода, иҷроиши нақша дар минтақаҳоро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба артиши Тоҷикистон дар моҳи аввал - октябр, 75% иҷро шудаст.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд гусели наваскарон дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат комиссияҳои давлатии зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми маъракаи сарбозгирӣ гузориш додаанд.
Ҳамин тариқ, иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон тайи як моҳ 72% арзёбӣ шудааст.
Аҳмадзода аз масъулони Суғд хост, нақшаи даъвати ҳарбиро сари вақт иҷро кунанд
Аз байни чаҳор навоҳии пойтахт аввалин шуда, ноҳияи Исмоили Сомонӣ аллакай нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расонидаст.
Аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияи тобеи марказ қисми зиёдашон нишондоди пешбинишударо аллакай дар даҳрӯзаи аввали даъват иҷро намуда, иҷроиши нақша дар маҷмуъ дар НТМ 80% аст, хабар дод Вазорати дифоъ.
Масъулини комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар давоми як моҳ ба 79% баробар намудаанд.
"Новобаста аз он, ки шаҳрвандон нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ин вилоят бештар даъват карда мешаванд, масъулини вобаста тайи чанд соли охир аст, ки пеш аз мӯҳлат аз иҷрои пурраи нақша гузориш медиҳанд", - афзудааст манбаъ.
Дар Суғд иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба 65% баробар шудааст.
Шаҳру навоҳии ВМКБ чун анъана дар рӯзҳои аввали даъват нақшаро пурра иҷро карданд.
Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳарбӣ агар чӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.