ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳаҷми муомилоти мол дар доираи ИИАО соли равон метавонад аз 100 млрд доллар зиёд шавад.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар ҳошияи Форуми байналмилалии гумрукӣ ба хабарнигорон изҳор дошт, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, динамикаи муомилоти мол байни кишварҳо фаъол аст
"Динамикаи савдо дар кишварҳои ИИАО хеле хуб пеш рафта истодааст, ман ҳамеша дар ин бора мегӯям. Агар савдои дохили ИИАО гирем, ки чӣ гуна рушд карда истодааст ва тиҷорати кишварҳои ИИАО-ро бо ҷаҳони беруна муқоиса кунем, хеле равшан аст, ки савдо дар доираи созмон хеле тезтар рушд мекунад", - гуфт ӯ.
Инро маълумотҳои оморӣ низ тасдиқ мекунанд, қайд кард Оверчук.
Соли гузашта гардиши мол ба сатҳи рекордии 84 млрд доллар расид ва афзоиши имсола низ хуб аст.
"Дар ин ҷо баъзе пешгӯиҳо вуҷуд доранд, ки мо тиҷоратро аз 100 млрд доллар зиёдтар хоҳем кард, аммо ҳоло барвақт аст",- гуфт муовини сарвазири Русия.
Чунин омор, ба гуфтаи мансабдор, ба мо имкон медиҳад, таъкид кунем, ки “воқеан, имрӯз дар ИИАО шароит фароҳам оварда шудааст ва аз ин ҷост, ки намояндагони тиҷории панҷ кишвар мегӯянд, кор барояшон дар дохили созмон осону қулай аст", - гуфт мавсуф.
Маврид ба зикр аст, ки Форуми байналмилалии гумрук 30-31 октябри соли 2023 баргузор мешавад.