Беназир: Месси бори ҳаштум барандаи "Тӯби тиллоӣ" шуд

Бори аввал дар таърих ин ҷоиза онро футболбозе гирифт, ки ҳангоми супурдани ҷоиза дар ягон бошгоҳи аврупоӣ бозӣ намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Парижи Фаронса маросими ҷоизасупории "Тӯби тиллоӣ"-и мавсими 2022-2023 баргузор шуд, ки тайи он беҳтаринҳои футболи ҷаҳонро эълон карданд.
Ҳамин тариқ, ҳамлагари аргентинии бошгоҳи амрикоии "Интер Майами" Лионел Месси барандаи "Тӯби тиллоӣ" - ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон аз рӯи маҷаллаи фаронсавии France Football шуд.
Маросими супурдани ҷоиза дар театри Шателети Париж баргузор гардид.
Аз рӯи натоиҷи овоздиҳӣ ҷои дуюмро ҳамлагари норвегиягии "Манчестер Сити"-и Англия Эрлинг Ҳоланд ва сеюмро ҳамлагари "Пари Сен-Жермен"-и фаронсавӣ Килиан Мбаппе гирифтанд.
Алмоси тоҷик дар футболи Русия ё достони муваффақияти Муҳаммад Юсуф Шӯхиев
Месси ҳамакнун бо ҳашт ҷоиза рекордро ба номаш сабт кардааст.
Қаблан аргентинӣ дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019 ва 2021 барандаи "Тӯби тиллоӣ" шуда буд.
Бори аввал дар таърих ин ҷоизаро футболбозе гирифт, ки ҳангоми супурдани ҷоиза дар як бошгоҳи аврупоӣ бозӣ намекунад.
Месси мавсими гузаштаро дар "Пари Сен-Жермен" гузаронида, бо ӯ бори дуюм қаҳрамони Фаронса шуд ва Суперҷоми кишварро ба даст овард.
Дар мавсими 2022/23 футболбоз дар 41 бозӣ 21 гол задааст ва 20 ассист додааст.
Аз соли 2003 то соли 2021 Месси дар ҳайати “Барселона”-и Испания бозӣ кардааст, ки бо он 10 маротиба қаҳрамони Испания шуд, 8 маротиба Суперҷоми Испания, 7 маротиба Ҷоми Испания, 4 маротиба дар Лигаи Чемпионҳо ва Суперҷоми УЕФА ғолиб омад бо мунтахаби кишвараш дорандаи Ҷоми ҷаҳонӣ аст.
Ҷанҷоли Рустаму Роналду: дарвозабони тоҷик танишу оштияш бо Криштиануро шарҳ дод
Ҷоизаи “Тӯби тилоӣ” аз сӯйи "France Football" дар соли 1956 ҳамчун ҷоиза барои беҳтарин футболбози сол дар Аврупо таъсис шудааст (бар асоси андешаҳои гурӯҳе аз хабарнигорони умури варзишӣ).
Соли 2010 ФИФА ва "France Football" дар бораи якҷояшавии ҷоизаҳои "Тӯби тилоӣ" ва "Бозигари соли ФИФА" (бо овоздиҳии капитанҳо ва мураббиёни тими миллӣ муайян карда мешавад) хабар доданд.
Дар моҳи сентябри соли 2016 "France Football" эълон кард, ки шарикии худро бо ФИФА қатъ кардааст ва ба низоми аслии муайян кардани беҳтарин бозигари сол баргашт.