ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар чаҳорумин Бозиҳои паралимпии осиёӣ дар Ҳанжоу ягон медал ба даст наовард.
Дар ин бора Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар дод.
Аз рӯи натоиҷи бозиҳо Чин ҷои аввал, Эрон дувум, Ҷопон дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар намояндагӣ карданд.
Дар ин бозиҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 3 ҳазор варзишгар аз 44 кишвари ҷаҳон дар 22 намуди варзиш ширкат доштанд.
Кишвари навбатии мизбони Бозиҳои паралимпӣ дар соли 2026 Ҷопон хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи худ дар Бозиҳои паралимпии осиёӣ ҳеҷ гоҳ медал ба даст наовардааст.
Аммо ахиран гимнастҳои тоҷик дар 13-умин чемпионати Осиё оид ба акробатика дар Тошканд мақоми севумро касб карданд.