ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. "Петербург-консерт" ва Театри мазҳакавӣ- мусиқавии на номи Камоли Хуҷандӣ дар бораи ҳамкорӣ гуфтугӯ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти "Хонаи Русия" дар Тоҷикистон хабар додааст.
Рӯзи 29 октябр дар шаҳри Хуҷанд миёни Муассисаи давлатии фарҳангии шаҳри Санкт-Петербург "Петербург-консерт" ваТеатри мазҳакавӣ- мусиқавии на номи Камоли Хуҷандӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ба ҳуҷҷат мудири ансамбли казакии ба номи. А.М Краснопертс "Атаман" Даря Кутс ва коргардони театри Хуҷанд Эҳсон Ҳомидов имзо гузоштанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ташвиқ ва татбиқи чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ мусоидат кунанд.
Тавре раиси намояндагии Россотрудничество Иван Иванов таъкид кард, пойтахти фарҳангии Тоҷикистон, Хуҷанд, аз ин пас бо пойтахти фарҳангии Русия, Санкт-Петербург ҳамкориҳои дарозмуддати фарҳангӣ хоҳад дошт.
"Албатта, аз ин ҳарду ҷониб баҳра хоҳанд бурд", - афзуд ӯ.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар Театри мазҳакавӣ- мусиқавии на номи Камоли Хуҷандӣ намоиши нав омода кардааст.
"Найрангҳои Майсара" чунин ном дорад спектакли нав, ки 24 октябр дар сахна намоиш дода шуд.