ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар интернет эътибор пайдо кард.
Дар ин бора дар қарори палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дода шудааст.
Ин санад, ки аз сӯи вакилони порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид, ҳанӯз соли 2021 дар Минск аз сӯи кишварҳои ИДМ қабул шуда буд.
Зимнан зикр мегардад, ки бар асоси ин созишнома ҳукумати Тоҷикистон бояд Кумитаи иҷроияи Иттиҳодро аз иҷрои расмиёти зарурӣ аз ҷониби ҷумҳурӣ барои эътибор пайдо кардани созишнома огоҳ намояд.
Созишнома назорати риояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба фазои ВАО-ро пешбинӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки тадбирҳои мувофиқашудаи ҳуҷҷат барои муайян ва ҳалли мушкилот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Интернет мусоидат мекунанд.
Мушаххас шудааст, ки Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар доираи ИДМ ҳамкориҳои тарафайнро, ки созишномаро қабул кардаанд, ҳамоҳанг хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ ин созишнома аз ҷониби Қазоқистон ба тасвиб расида, моҳи октябри соли 2022 хабар дода шуд, ки ин санад дар Ӯзбекистон низ тасвиб шуда, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ барои Русия эътибор пайдо кард.