Бовар дорам, талош мекунам: Сомон Маҳмадбеков азми гирифтани нишони олимпиро дорад

Сомон Маҳмадбеков ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҳадафҳо ва вазифаҳои касбиаш, нақшаҳои наздик ва баромадҳои худ дар мусобиқаҳо нақл кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҷудокор Сомон Маҳмадбеков тирамоҳи соли ҷорӣ дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҳанҷоу медали тилло гирифт ва ҳоло ӯ аз ҳарвақта бештар ба дарёфти муҷаввиз ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар вазни 81 кг наздик аст.
Тавре ин варзишгар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аввалин шудан дар Чин осон набуд.
Рақиби ӯ паҳлавон аз Корея буд, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ дар ҷои 4-ум қарор дорад. Ба гуфтаи Маҳмадбеков сатҳи мусобиқа низ баланд буд.
"Фикр мекунам, ки ҳоло барои ман олӣ ва бонуфузтарин ҷоиза дар корномаи варзишиам ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои осиёӣ аст. Зеро ин мусобиқаҳо пас аз Бозиҳои олимпӣ ҷои дуюмро ишғол мекунанд", - гуфт варзишгар.
Сомон Маҳмадбеков дар оилаи варзишгар ба дунё омадааст. Ба гуфтаи варзишкор, шавқу ҳаваси хонаводагӣ ба ӯ таассурот бахшидааст ва ӯ тасмим гирифтааст, ки ин роҳро идома диҳад.
Маҳмадбеков тило ва Хоҷазода нишони биринҷии Бозиҳои Осиёро гирифт
Ӯ ҳамчунин гуфт, Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо дар варзиш улгу барои ӯ ҳастанд ва ба шарофати онҳо Маҳмадбеков имкони тамрин дар Русияро пайдо кардааст.
"Сабаби дигари барои ман намуна будани онҳо дар он аст, ки замоне онҳо мисли мо шароити хуб надоштанд, аммо бо вуҷуди ин дар ҳар коре, ки дар соҳаи худ доранд, устувор буданд. Бо шарофати онҳо ман ва писари амакам Маҳмадбек Маҳмадбеков ба чизе ноил шудем", - қайд мекунад Сомон.
Ба гуфтаи ӯ, Маҳмадбеков низ бо такя ба таҷриба ва дониши худ талош дорад дар варзиш ба қуллаҳои нав ноил гардад.
"Ҷоизаҳои ман хизмати падар, бобо ва тағоҳоям мебошанд. Чемпионати ҷаҳонии ҷавонон-2017 аввалин мусобиқаи муҳим дар фаъолияти ман аст. Сипас дар Загреб тавонистам дар вазни 66 кг медали биринҷӣ ба даст орам", - мегӯяд ӯ.
Қобили зикр аст, ки пас аз ин мусобиқа Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳонии ҷавонон-2019 дар Марокаш медали тилло ба даст овард.
"Ин медал аввалин тиллои ман дар чунин як мусобиқаи бузург буд. Он Ҷоми ҷаҳон бароям барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар арсаи ҷаҳонӣ нуқтаи ибтидоӣ гардид. Ман ба худ бовар мекардаму ҳамеша ба муваффақият умед медоштам. Боварӣ доштам, ки метавонам ба дастовардҳои баланд ноил шавам. Шахсе, ки ба худ бовар надорад, дар зиндагӣ муваффақ нахоҳад шуд", - қайд мекунад варзишгар.
Ваъда иҷро шуд: Рустами Эмомалӣ ба ғолибони Бозиҳои осиёӣ калиди хонаҳоро дод
Соли ҷорӣ дар нахустин Гран-прии Душанбе Сомон медали тилло гирифт. Ба гуфтаи ӯ, ин мусобиқот аз хотирмонтарин мусобиқаҳои касбиаш буд.
"Чунки он дар кишвари мо сурат гирифт. Ман бори аввал дар ин ҷо дидам, ки чӣ гуна мухлисон варзишгаронро дастгирӣ мекунанд. Ин ба мо рӯҳбаландӣ бахшид ва мунтахаби мо кӯшиш кард, ки ғалаба кунад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ҷудокори тоҷик, ҳоло дар варзиш як орзуи калон дорад.
"Ман мехоҳам дар Бозиҳои олимпӣ медал ба даст орам, мисли ҳама варзишгарон орзу дорам, ки ҷоизаи тило гирам ва барои ин кӯшиш мекунам. Дар пеш мусобиқаҳои бузурге ҳастанд, ки дар онҳо барои гирифтани холҳои олимпӣ мубориза бурдан мумкин аст. Ман боварӣ дорам, ки ба Олимпиадаи соли 2024 меравам ва кӯшиш мекунам, ки худро дар он ҷо сазовор нишон диҳам!” — илова кард паҳлавон.