Шаҳрвандони 25 кишвар метавонанд дар бонкҳои Русия ҳисоб боз кунанд. Тоҷикистон ҳаст?

Шаҳрвандони хориҷӣ аз як қатор кишварҳо бояд пеш аз ворид шудан ба қаламрави Русия ба ташкилоти қарзии кишвари худ як бастаи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар бонкҳои Русия суратҳисоб ва пасандоз боз кунанд.
Фармони дахлдорро нахуствазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.
Ҳуҷҷат номгӯи кишварҳоеро муайян мекунад, ки шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ метавонанд бо тартиби соддашуда суратҳисобҳо ва пасандозҳо кушоянд.
Тибқи ин фармон 25 кишвар, аз ҷумла Белорус, Қазоқистон, Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Арабистони Саудӣ ва Туркия ба рӯйхат шомил шудаанд.
Тибқи изҳороти нахуствазири Русия, шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишварҳо пеш аз вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия бояд бастаи ҳуҷҷатҳоро ба муассисаи қарзии кишвари худ пешниҳод кунанд.
Бонкҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд низоми дастраси интиқоли пулро ташкил намоянд
Пас аз ворид шудан ба Русия онҳо метавонанд пардохтҳо кунанд ва дар бонкҳои Русия ҳисоб боз кунанд.
Ин тасмим ба манзури осон кардани тиҷорат дар бозори Русия барои шаҳрвандон ва созмонҳои кишварҳои дӯст гирифта шудааст, ки ба рушди равобити иқтисодии кишварҳо мусоидат мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бонкҳо ва брокерҳои Тоҷикистон метавонанд дар муомилоти арзӣ дар Русия ширкат кунанд.
Ин рӯйхат беш аз 30 кишварро дар бар мегирад. Ин тасмим ба баланд бардоштани самаранокии механизми табдили мустақими пули миллии кишварҳои дӯсту бетараф нигаронида шудааст.