ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Қазоқистон барқияи таслият фиристод.
Таслиятнома ба унвони раиси сенати парламенти ҷумҳурӣ Маулен Ашимбоев фиристода шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар додааст.
"Таъзияи самимии моро барои талафоти одамон дар натиҷаи садама дар кони ангишт дар вилояти Қарағанда қабул кунед",- гуфта мешавад дар паёми номаи ҳамдардӣ.
Рустами Эмомалӣ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон низ ба унвонии ҳамтои қазоқаш Қосимҷомард Тоқаев паёми ҳамдардӣ ирсол карда, ҳамчунин занги телефонӣ низ дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар кони Костенкои ҶСК "АрселорМиттал Темиртау" дар вилояти Қарағанда таркиш рух дод. Ҳодисаи изтирорӣ соати 02:33 рӯзи 28 октябр сар зад.
Дар замони фоҷиа 252 нафар дар зери замин буданд. Аз ин теъдод 205 нафарро наҷот доданд.
Тибқи маълумоти ахир, ҷасади 45 кушта пайдо шудааст. Наҷотдиҳандагон корҳои изтирорӣ дар кони Костенкоро идома медиҳанд.