Алмоси тоҷик дар футболи Русия ё достони муваффақияти Муҳаммад Юсуф Шӯхиев

Қисса дар бораи як тоҷикписар аст, ки чӣ гуна ба дастаи "Динамо"-и Русия шомил шуд ва ҳоло ҳамчун яке аз беҳтарин футболбозони ҷавони Маскав ба ҳисоб меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Муҳаммад Юсуф Шӯхиев, навраси 9-солаи тоҷик мебошад, ки ба яке аз умедҳои клуби футболи “Динамо”-и Маскав табдил ёфтааст. Аммо роҳи ӯ то ба майдонҳои яке аз тимҳои қавии Русия росту ҳамвор набуд.
Вай якуним сол дошт, ки падару модараш ҷудо шуданд. Он замон кӯдаки аз кори ҷаҳон ноогоҳро сарнавишт аз ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ ба Русия, назди падару бобояш, ки ҳарду дар шаҳри Обнински вилояти Калуга муҳоҷир ва ба корҳои сохтмонӣ машғул буданд, овард.
Аз ҳамон замон ӯ таҳти муроқибату тарбияти бибӣ ё модарбузургаш қарор гирифт.
Бибиаш Чинигул Шӯхиеваи 62-сола мегӯяд, ба гунаи ғайриодӣ Муҳаммад Юсуф аз ҳамон тифлӣ ба футбол алоқаи хос нишон медод ва ҳар чиро, ки пеши пояш меомад, талош мекард мисли футболбоз бо як маҳорати вежа ба бозӣ гирад ва ё зарба занад.
“Аввалин тӯби Муҳаммад Юсуф баклашка буд ва ду солу 8 моҳ дошт, ки ӯро ба тими “Юниор”-и шаҳри Обнинск овардем. Аввалин зарбаашро, ки зад, тренерҳо ба тим пазируфтанд”, - гуфт модарбузург.
Таджикский алмаз в российском футболе, или История успеха Мухаммада Шухиева
Ба қавли ӯ, дар хонаводаи Шӯхиевҳо ҳама ба футбол алоқа доранд ва падару бобои Муҳаммад Юсуф низ футболбоз буданд, аммо на ҳирфаӣ. “Хаёл мекунам, истеъдоду алоқаи Муҳаммад Юсуф як чизи дигар аст. Ман панҷ фарзанд бузург кардаму чандин набера дорам, аммо ӯ ба ҳеҷ яке аз онҳо монанд нест. Рафтору гуфтор ва одобу фаросаташ қатъан аз дигарон фарқ мекунад. Вай ба синну соли худ тааллуқ надорад”, - гуфт Чинигул Шӯхиева.

“Фариштаи наҷот”

Бибии Чинигул мегӯяд, Муҳаммад Юсуф 3-сола буд, ки тими “Импулс”-и Обнинск ӯро ҷалб кард ва 3 солу 4 моҳ дошт, ки бо ҳамон тим ба Маскав барои ширкат дар як мусобиқот омад.
“Тим ҷойи аввалро гирифт, худаш “Бозингари беҳтарин” эълон шуд. Ҳамин тавр, ҳар сол, ки Маскав меомадем, дасти холӣ барнамегаштем. Ҳатман як унвон – бозингар ё ҳамлавари беҳтарини чемпионатро мегирифт ва тимаш ҳам пирӯз меомад”, - гуфт Чинигул Шӯхиева.
Қиссаи ин бибиву набера вижагии худро дорад. Аз ҳамон якунимсолагӣ, ки Муҳаммад Юсуф ба Калуга оварда шуд, онҳо ҳамагӣ як бор ва он ҳам як шабонарӯз ҷудо шуданд. Бибии Чинигул мегӯяд, як бор марз рафт, ки барои такмили санади будубошаш дар Русия зарур буд ва як шабонарӯз он ҷо монд.
“Як шаби дароз бо телефони тамоми хонавода зангам мезад, паёмак мефиристод, ки “Бибиҷон, куҷо ҳастиву чӣ кор мекунӣ, оё чизе хӯрдаиву гурусна набошӣ”. Ҳамроҳаш набудам, аммо тариқи телефон дар тамос буд. Ҷудоии мо ҳамон як рӯз буд”, - гуфт ӯ.
Мураббии аслӣ ва пизишки хоси Муҳаммад Юсуф ҳам модарбузургаш аст. Ба ҷуз ин ки ӯро мураббиёни ҳирфаии футбол тамрин медиҳанд, дар хона низ ором наменишинад ва бо бибиаш бозӣ мекунад. Як шуғли барои як модари тоҷик комилан ғайриодӣ.
"Фақат тамринҳои асосиашро нигоҳ намекунем. Дар хона фишка ва 10 – 15 тӯб дорем. Ҳоло ки дар Маскав ҳастем, варзишгоҳ ҳам пайдо кардам. Намози бомдодро мехонам, фишкаву тӯб гирифта, соати 7 дар варзишгоҳ мешавем. Ман ба тоҷикӣ мегӯям, вай ба русӣ. Ҳамин тавр, якдигарро мефаҳмем”, - гуфт бибии Чинигул.
Кадом клуби Тоҷикистон бештар мухлис дорад?
Бар замми ин, бибии Чинигул пас аз бозиву тамринҳо захму ҷароҳатҳои набераашро бо усулҳои қадимии тоҷикӣ табобат мекунад ва қабл аз хоб ӯро бо дуову оёти Қуръон мехобонад. Бибии Чинигул дар тамоми тамрину бозиҳои Муҳаммад Юсуф ширкат мекунад ва ба ҷуз ин ки “фариштаи наҷот” – и наберааш аст, гоҳо аз мураббиён ва хешовандони ҳамтимони ӯ мешунавад, ки мегӯянд: “Бибии Муҳаммад - тӯмори командаи мост”.
“Ман аз ин халқ (мардуми Русия) хеле хурсандам, то ба ҳол касе озорам надодааст, балки хуб ҳурмату иззат мекунанд ва ҳангоми тамринҳову бозиҳо бо волидайни дигар бозигарон шинос шуда, зуд ба ҳам унс мегирему худӣ шудаем, зеро ҳама муштарак барои фарзандони худ мухлисӣ мекунем ва ғаму шодии якдигарро бо ҳам мебинем”, - гуфт Чинигул Шӯхиева.

“Динамо”

9 сентябри соли 2021 Муҳаммад Юсуфро ба “Динамо”-и Маскав, яке аз бузургтарин тимҳои футболи Русия, оварданд. Вай бидуни қайду шарт қабул шуд.
“Вақте ки Муҳаммад Юсуф аз “Импулс”-и Обнинск ба “Динамо” омад, тамоми ҳамтимонаш бар зидди мураббӣ шӯриданд, ки чаро Муҳаммадро ба “Динамо” дод. Волидайни кӯдакон муваффақ мешаванд, ки мураббиро барканор кунанд ва мураббии навро оранд”, - қисса мекунад Фирдавс Шӯхиев, падари Муҳаммад Юсуф.
Вай гуфт, аз соли 2021 ба ин сӯ ҳар рӯз бо иттифоқи бибиаш ба Маскав, ки 120 километр аз Калуга дур аст, омада мерафтанд.
“Зимистон ҳам, ки 20 дараҷа сард мешуд, бо электричка ба машқҳо омада мерафт. Зӯрамон ба хонаи иҷора намекашид. Ҳамин сол хонаи иҷора гирифтем. Муҳаммад бо бибиаш он ҷо зиндагӣ мекунанд”, - гуфт Фирдавс Шӯхиев.
Мухаммад Юсуф Шухиев с семьей
Ба қавли ӯ, Муҳаммад Юсуф аз синни севунимсолагӣ то ба ҳол фақат 28 навбат ба унвонҳои бозигар, ҳимоятгар, ҳамлагар ва аз ҳама бозигари арзишманди мусобиқот даст ёфтааст. Ҳудуди 200 медал ва 15 ифтихорномаву диплом гирифтааст.
Моҳи майи соли равон дар мусобиқоти футболи кӯдакони Русия (U-9, мутаваллиди 2014), ки ба ёдбуди Григорий Яртсев баргузор шуд, тими кӯдакони “Динамо” мақоми аввал ва Муҳаммад Юсуф Шӯхиев унвони “Беҳтарин бозигари мусобиқот”-ро ба даст оварданд. Аз замоне, ки ӯ дар тими кӯдакони “Динамо” омад, тими ӯ 7 ҷом ба даст овардааст. Дар ҳоли ҳозир вай беҳтарин бозигари тими U-9 – и “Динамо” ба ҳисоб меравад.

Шогирди роҳ

Ба қавли Чинигул Шӯхиева, Муҳаммад Юсуф дарсҳои аввалинашро дар қатори барқӣ (электричка) гирифтааст ва мешавад гуфт, мактаби аввалинаш ҳам қатори барқӣ аст.
“Намози бомдодро мехондаму ба роҳ мебаромадем ва соатҳои 10-и шаб бармегаштем. Роҳ, ки тӯлонӣ, қариб 2,5 соат буд, ман ба ӯ аз забону адабиёти рус ва математика дарс медодам. Мо дигар вақти хондан надоштем”, - қисса мекунад бибӣ.
Соли гузашта Муҳаммад Юсуфро ба мактаби №1109 ба номи Мӯсо Ҷалилови шаҳри Маскав бурданд, ки дар наздикии хонаи иҷораашон воқест.
“Маро нагузоштанд, ки дохил равам. Санҷиш гирифтанд. Як муаллимааш баромада, гуфт: “Шухиева кист?” Гуфтам: “Ман”. Гуфт: “Набераатонро ба синфи ду мегирем”. Ҳайрон шудам. Гуфт: “Донишаш ба синфи ду мекашад, зеро ҳар чӣ мепурсем, ҳамаро медонад” ва пурсид: “Оё ҷое қаблан хонда буд?” Гуфтам: “Не, фақат дар электричка ман ӯро хондану навиштан омӯхтам. Дар ҳамин роҳ саводи ибтидоиро гирифтааст”.

Роналду ё Месси?

Муҳаммад Юсуф аз дарсҳо математикаро дӯст медорад, аммо на ба ҳадди футбол. Аз ӯ мепурсем: “Вақте тӯбро мегирӣ, чӣ бояд кунӣ?” Ин суоли санҷишӣ аз Муҳаммад Юсуф ҳанӯз ба охир расида, ӯ шуруъ ба посух додан кард: “Вақте тӯбро мегирам, сарамро боло мекунам ва мебинам, ки кадом минтақа боз аст ва вазъ чӣ гуна аст. Хуллас, бояд зуд калларо кор фармуд ва зуд тасмим гирифт, ки чӣ тур зуд ҳарифро фиреб дода, бо анҷоми ягон тарфанд (финт) зарба анҷом диҳӣ ва гол занӣ. Аз ҳама муҳим тӯбро аз даст надиҳӣ, сарро бардорӣ, бозии худро кунӣ.Ман дар бозӣ зуд фикр карда метавонам, аз ҳамин хотир, голи зиёд мезанам. Масалан, дар мусобиқоти ахири Кимберли дар Маскав дар 12 бозӣ ман 17 гол задам”.
Ҷанҷоли Рустаму Роналду: дарвозабони тоҷик танишу оштияш бо Криштиануро шарҳ дод
Аз футболбозони машҳур Муҳаммад Юсуф Криштиану Роналдуро хуш дорад ва усули ӯро меписандад. Чаро? “Хуб бозӣ мекунад, зеро зуд фикр мекунад. Зарбаҳои хуб дорад. Суръаташ тез аст. Ман ҳамин суръаташро хуш дорам. Мисли мушак (ракета) медавад. Ман ҳатто фикр мекунам, ки зудтар аз муштак медавад. Зуд фикр мекунад, хуб зарба мезанад. Як голи ӯ ба ёдам меояд, ки аз худи маркази майдон зад”, - гуфт Муҳаммад Юсуф.
Аммо чаро ӯ Мессиро хуш надорад? Вай дар посух гуфт: “Месси як заъф дорад, ки бо пойи рост кам зарба мезанад. Ӯ бештар аз пойи чапаш кор мегирад. Пойи чап ҳилагар аст. Дарвозабон намедонад, ки ту бо кадом пой мезанӣ ва ба кадом тараф. Агар бо пойи чап ба кунҷи рост зарба занӣ, дарвозабон ба тарафи чап худро мепартояд. Аз ин хотир, пойи чап ҳилагар аст”.
Таджикский алмаз в российском футболе, или История успеха Мухаммада Шухиева
Муҳаммад Юсуф мегӯяд, тимеро дӯст медорад, ки ӯро ҳама ҳурмат кунанд ва ин имконро ба ӯ диҳанд, ки ӯ ҳам ҳамтимонаш ва ҳам мураббиёнашро ҳурмат кунад. Ба қавли ӯ, чунин тим ҳамеша пирӯз меояд, чун ҳама якдигарро ҳурмат мекунанд ва дар бурду бохт дар канори ҳам истода, лаззату ғамро ба ҳам мебинанд.
"Ман аз миёни ҳарифон низ дӯстони зиёд дорам. Ҳариф душман нест, баръакс, дӯсти бозингар аст, ки туро маҷбур мекунад, такмил ёбӣ. Ё ки вақте бар як тим бо ҳисоби бузург пирӯз омадӣ, бояд фикр накунӣ, ки тими дигар низ заиф хоҳад буд. Ҳар ҳарифро бояд ҷиддӣ гирифт ва бо тамоми тавон бояд бо ӯ бозӣ кард”, - мегӯяд вай.
Михаил Жабкин, мураббии тими U-9, мутаваллидони соли 2014 – и “Динамо” низ Муҳаммад Юсуфро як бозигари бисёр умедворкунандаи наврас унвон карда, гуфт, вежагиҳои хоси ӯ суръат, дриблинг, зарбазанӣ, тафаккури бозӣ ва дарки бозӣ аст.
“Техникаи ӯ бисёр шигифтангез аст. Вай яке аз беҳтарин бозикунони тими ман аст, ки мутаваллидони соли 2014 мебошанд. Умедворам ӯ ояндаи “Динамо”-и Маскав хоҳад буд, табиатан”, - гуфт Михаил Жабкин.
Ваня Василев, ҳамтим ва дӯсти Муҳаммад Юсуф, мегӯяд, вай дриблинги хуб ва зарбаҳои тӯпӣ дорад. “Вай як бачаи ҳалим ва дӯсти ман аст”, - гуфт вай. Худи Муҳаммад Юсуф орзу дорад, ки як замоне ба як футболбози маъруф табдил меёбад, пули зиёд кор мекунад ва барои худу модарбузургаш дар Маскав як хона мехарад. Орзуи як кӯдаки муҳоҷир, ки маълум нест чӣ армуғонҳое сарнавишт дар оянда барои ӯ омода кардааст.