ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар 22-юмин Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек ширкат мекунад.
Гуфта мешавад, ки аллакай дар қароргоҳи давлатии Ала-Арча аз ҷониби сарвазири Қирғизистон Оқилбек Жапаров маросими истиқболи меҳмонони воломақом баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ нахуствазири Русия Михаил Мишустин низ ширкат дорад. Дар маҷлис сарони ҳукуматҳои 9 кишвар ширкат хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки дар ин Шӯро нахуствазирон дурнамо ва чораҳои амиқтари ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ -ро дар бахшҳои: тиҷорат, иқтисод, мадани ва гуманитарӣ баррасӣ мекунанд.
Илова бар ин, дар Бишкек ҷаласаҳои Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешаванд.
Қаблан Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки механизми ҳамкории бахшҳои зиддиинҳисории кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таъсис дода шавад.
Гуфта мешавад, ки ҷумҳурӣ низ ташаббуси таъсиси ҷаласаи раҳбарони чунин сохторҳоро дорад. Ин иқдом дар як мизи гирд дар Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон дар Душанбе матраҳ шуд.