ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Дар Қазоқистон ҳоло қаҳрамонии Осиёи бокс ҷараён дорад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 нафар, аз ҷумла 13 наврас ва 11 ҷавон намояндагӣ мекунанд.
Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ афзуд, ки аз миёни наврасони тоҷик аллакай се нафар: Ҷаҳонгир Камолов, Мансурхуҷа Муминов ва Билолҷон Иксанов дар вазнҳои аз 46 то 50 кг ҳарифони худро мағлуб намуда ба даври ниманиҳоӣ роҳ ҳамвор каданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаҳрамонии Осиёии бокс дар Қазоқистон то 3 ноябр идома меёбад.
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, дар чемпионат миёни наврасон 220 варзишгар аз ҷумла 147 писар ва 73 духтар ва миёни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) ширкат доранд.
Ҳоло дар асоси нақша то рӯзи 29 октябр рақобатҳои муқаддамотӣ сурат мегиранд.
Пасон аз 30 то 31 октябр муҳорибаҳои нимфиналӣ ва 2-3 ноябр финал баргузор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки ин шабу рӯз дар Арабистон тоскулоҳи бузург идома дорад ва аллакай нисфи зиёди ҷудокорони тоҷик дучори шикаст шуданд.
Рӯзҳои якум ва дуюми ин мусобиқа барои ҷудокорони тоҷик бидуни натиҷа анҷом ёфт.