Эрдуғон кай ба Тоҷикистон меояд?

Сафири Туркия дар Тоҷикистон бори дигар сафари роҳбари кишвараш ба Душанберо таъйид намуд, аммо замони мушаххаси ин боздидро ном набурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ояндаи наздик метавонад аз Тоҷикистон боздид кунад.
Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ, сафири Туркия дар Тоҷикистон, Умут Аҷар зимни нишасти матбуотӣ баён доошт.
"Мо дар сафорат пеш аз ҳама мехоҳем, ки ин боздид амалӣ карда шавад, ҳар қадаре зудтар ҳамон қадар хубтар", - гуфт сафир.
Таъкид шуд, ки дар назар буд, Эрдуғон соли равон ба Тоҷикистон ояд, аммо заминларзаҳои харобиовари моҳи феврал тамоми нақшаҳоро барбод доданд.
Минтақаҳои Тоҷикистону Туркия ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд
Дар мавриди сафари Эрдуғон ба Душанбе ҳанӯз сафири пешини Туркия дар Тоҷикистон беш аз ду соли қабл иттилоъ дода буд.
Инчунин вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар низ зимни боздидаш аз Душанбе изҳор дошта буд, ки қарор аст, сафари Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Тоҷикистон сурат бигирад. Вай гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Туркияро расман даъват кардаст.
Интизор мерафт, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳар ду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд кард.