ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Футболбозони тими "Истиқлол" - и Душанбе барои бозӣ бо тими "Персеполис ба Эрон сафар карданд.
Дар ин бора бошгоҳи Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бозии ин ду тим рӯзи 24 октбяр дар варзишгоҳи "Озодӣ" -и шаҳри Теҳрон баргузор мегардад. Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Муҳаммад Қосим Саррай аз Ироқ хоҳад буд, мегӯяд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки бозии қаблии "Истиқлол" бо тими Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ буд, ки бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони арабӣ анҷом ёфт.
Ягона голро аз дастаи “Истиқлол” Сенин Себаӣ дар дақиқаи 44 – ум ба самар расонд.
Зимнан, як голро Криштиану Роналду ва ду голи дигарро Андерсон Талиска ба дарвозаи футболбозони тоҷик ворид кард.
Бояд гуфт, рӯзи 24 октябр ҳамчунин тими “Ал-Наср” бо дастаи “Ал-Дуҳайл”– и Қатар бозӣ мекунад.