ДУШАНБЕ, 21окт — Sputnik. Ахиран Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки Осиёии рушд, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд, иттилоъ додааст ҳукумати Тоҷикистон.
Дар мулоқоти мазкур қайд карда шудааст, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиро фарогир аст.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар доираи таҳкими робитаҳои дуҷониба татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ ва дигар соҳаҳо идома дорад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот аз равнақи ҳамкорӣ ёдовар шуда, дар доираи сиёсати созандаи Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлоли коммили энергетикӣ таҳкими робитаҳоро дар самти истеҳсоли "энергияи сабз" зарур донистанд.
Дар доираи мулоқот мавзуҳои гуногуни барои ҷонибҳо муфид баррасӣ шуд.
Манбаъ илова кардааст, ки барои таҳкими робитаҳо барои истифодаи пурраи имкониятҳо ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.