ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Роҳбари созмони ҷамъиятии тоҷикони муқими шаҳру вилояти Кургани Русия “Ватан" Муҳаммадалӣ Абдурашидзода Фозилов аз ҳолу авзои бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Курган Русия хабар гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар миёни бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ 10 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Роҳбари диаспораи маҳаллии тоҷикон бо ҳамватанон суҳбат карда, барои онҳо ва боз 40 нафар бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони ҷамоҳири Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дастархон оростанд.
Бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, изҳор карданд, ки аз ҳолу авзояшон ягон арзу шикоят надоранд ва мунтазири бозгашт ба Ватан мебошанд.