Тоҷикистон чи гуна аз як бемории марговар пирӯз шуд? – шарҳи табиби паразитшинос

Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Тоҷикистонро дар феҳристи 42 кишвари олам шомил гардонидааст, ки орӣ аз бемории вараҷа (малярия) аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Мудири шуъбаи паразитологии Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ (вараҷа) дар вилояти Суғд Мӯъмин Қурбонов, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон пирӯзӣ алайҳи бемории вараҷаро шарҳ дод.
Ин табиби тоҷик нақши барномаҳои то ин замон қабулшударо дар пешгирӣ ва муқовимат бар зидди ин бемориро муассир арзёбӣ намуд.
“Ҳамасола бар асоси ин барномаҳо то 25 – 30 ҳазор муҳоҷирону мусофирон, ки бо аломатҳои шубҳанок аз беморӣ ба ҳудуди Суғд ворид мешаванд саривақт ташхис гирифта мешавад” – гуфт, Қурбонов.
Табибони тоҷик мегуянд, ки ду навъи вараҷаро маълум намудаанд: воридотӣ ва маҳаллӣ.
Навъи воридотӣ аз ҳисоби онҳое, ки дар хориҷи кишвар дучори ин беморӣ шуда ва ба кишвар ворид мешаванд. Навъи маҳаллӣ аз ҳисоби газидани магасе аз одами бемор, ки дар ҳудуди шаҳр, ё ноҳия рух додааст.
Эътирофи СҶБ аз як Озмоишгоҳи вазорати тандурустӣ
Бино ба гуфти Муъмин Қурбонов, даҳ сол ба ин тараф дар вилояти Суғд ва дигар вилоятҳои Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти бемории вараҷаи маҳаллӣ, сапт нашудааст.

Ҳавонавард ва корманди пулис сироят шуда, шифо ёфтанд

Ин табиби тоҷик аз ду ҳолати сироятёбии вараҷаи воридотӣ гуфт, ки солҳои пеш ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар дар ходими давлати рух додааст.
“Яке ҳавонаварди тайёра ва дигаре корманди идораи пулис буд, ки ҳангоми сафар ба дигар кишвар аз ҳисоби нешзании магас ба ин беморӣ сироят шудаанд. Ин ҳодисаҳои солҳои то 2018 буд. Ҳангоми вуруд мо саривақт онҳоро аз ташхис гузаронида ба табобат фаро гирифтем. Хушбахтона онҳо сиҳат шуданд ва ин беморӣ ба дигарон сироят накард” – гуфт, табиби паразитолог.
Вараҷа як намуди табларза буда, аломати ин беморӣ дарди сар, қайдкунӣ ва якбора сардшавии шадиди организм мебошад.
Вазорати тандурустӣ: Бақайдгирии бемории ботулизм дар Тоҷикистон кам гардидааст
Тибқи гуфтаи табибон вараҷа асосан ҳангоми газидани магаси сироятшудаи мода (Anopheles) рух медиҳад. Мубталаёни ин беморӣ бояд донанд, ки дар ин магаси модина панҷ намуди бактерияҳо мавҷуданд, ки вараҷаро паҳн мекунанд.
Ин беморӣ одатан дар минтақаҳои намӣ бо лой зиёд ба қайд гирифта мешавад. Беморие, ки дар натиҷаи газидани магас ба вуҷуд омада ва метавонад марговар бошад.
Бино ба арзёбии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Тоҷикистон зимнан дар феҳристи 42 кишвари олам шомил аст, ки бар алайҳи вараҷа пирӯз шудааст.