ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафараш ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук - Темурмалик - Кангуртро расман ифтитоҳ намуданд.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил дода, дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.
"Дар ин масир 76 қубури обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, пойдеворҳои муҳофизатӣ, 5 пули мошингузар сохта шуда, дар асоси лоиҳа хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ, чароғҳо ва дигар иншооти зарурӣ мутобиқ ба лоиҳа кашида шудааст",- афзудааст манбаъ.
Корҳои сохтмониву навсозӣ дар роҳи мазкур бо саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё анҷом ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи нақлиётгарди Ҳулбук Темурмалик - Кангурт 1-уми ноябри соли 2021 оғоз гардида буд.
Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якум, Ҳулбук – Темурмалик 33,4 км, марҳилаи дуюм Темурмалик – Кангурт 25,17 км-ро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо, ки ширкати чинии "China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co" анҷом дод, баҳои баланд додааст.