ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико озмоишҳои зеризаминиро дар як пойгоҳи Невада анҷом дод, ки қаблан дар он силоҳи ҳастаӣ озмоиш карда буд.
Бар асоси гузориши нашркардаи Вазорати энержии ин кишвар, озмоиш дар рӯзе рух дод, ки Думаи давлатии Русия қонунеро дар бораи бозхонди тасвиби Паймони манъи озмоиши ҳастаиро қабул кард.
"Тими иншооти амнияти миллии Невада як таркиши кимиёвии зеризаминӣ анҷом дод, то тавоноии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар кашфи таркишҳои ҳастаии камиқтидор дар саросари ҷаҳонро беҳтар созад", - омадааст дар гузориш.
Таъкид шудааст, ки барои ин озмоиш маводи таркандаи пуриқтидори кимиёвӣ ва шохисҳои радиоизотопӣ кор бурда шуд.
Вазорати энержӣ тавзеҳ додаст, ки ин озмоиш "ба хотири ҳимоят аз ҳадафҳои ИМА дар мавриди паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ" сурат гирифтаст.
Дар рӯзи озмоиш Думаи давлатии Русия қонун дар бораи бозпас гирифтани тасвиби Паймони манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои ҳастаиро қабул кард. Шӯрои Федератсия ин санадро рӯзи 25 октябр баррасӣ хоҳад кард.
Паймони манъи озмоишҳои ҳастаӣ соли 1996 ба имзо расида буд. Аммо як қатор кишварҳо, аз ҷумла ИМА, ба фарқ аз Русия, ки дар соли 2000 ин корро карда буд, то ҳол онро тасвиб накардаанд.
Дар баробари ин давлатҳое, ки яроқи ҳастаӣ доранд, барои нагузарондани ин гуна озмоишҳо ихтиёран уҳдадор шудаанд.
Моҳи март муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков қайд карда буд, ки вазъ дар атрофи паймони манъи озмоишҳои ҳастаӣ ба далели амалҳои ИМА боиси нигаронии бештар мегардад.