ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Мавзуи такмили низомҳои назорати меҳнат дар ду кишвари ҳамсоя ахиран дар мизи мудаввар дар мавзӯи "Такмили низоми хадамоти меҳнат дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавассути табодули дониш ва омӯзиши мутақобила бо воситаи ҳамкории ҷанубу ҷануб ва ҳамкории сеҷониба (SSTC)" баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар додааст
Мизи мудаввари мазкур ахиран дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои гуногун баргузор гардид.
Ин ҳамоиш бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат роҳандозӣ гашта, ҳадаф тавассути табодули таҷриба такмили низоми хадамоти меҳнат маҳсуб меёбад.
Дар рафти мизи мудаввар муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода таъкид дошт, ки бо дарназардошти мушкилоте, ки дар системаи хадамоти меҳнати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вуҷуд доранд, баланд бардоштани самаранокии онҳо тавассути мубодилаи иттилоот ва омӯзиши мутақобила саривақтӣ мебошад.
“Баланд бардоштани назорати меҳнат дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи стандартҳои дахлдори байналмилалии меҳнат оид ба санҷиши меҳнат ва тавсияҳои пешниҳод намудаи Созмони Байналмилалии Меҳнат ба роҳ монда шудааст”, - таъкид кард оқои Давлатзода.
Ҳамзамон иштирокдорони мизи мудаввар мулоҳизаҳои худро доир ба низоми назорати меҳнат, таъмин намудани бехатарии меҳнат, фароҳам овардани шароити хуби меҳнатӣ ва роҳҳои беҳтар намудани низоми меҳнатро бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ баён намуданд.