Дар Душанбе масъалаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ мешавад

Дар конфронс оид ба коҳиши хатари офатҳо масъалаҳои тағйири иқлим ва роҳҳои имконпазири рафъ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ баррасӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Душанбе конфронс бахшида ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки чорабинӣ бо ибтикори КҲФ рӯзи 20 октябр баргузор мешавад.
"Коршиносон масъалаҳои тағйирёбии иқлим, инчунин роҳҳои имконпазири рафъ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табииро баррасӣ хоҳанд кард", - таъкид кард манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс 30 кишвари минтақаи Осиё ширкат мекунанд.
Қаблан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор шуда, дар он чораҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ шуда буд.
Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст раҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва раҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат кардаанд.
Паноҳгоҳи изтирорӣ дар ВМКБ бунёд шуд
Мавзӯи аслии ҷаласа иҷрои “Барномаи давлатии миёнамуҳлат оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2023-2028” буд.
Тадбирҳои пешниҳодшуда оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ шунида шуда, аз ҷумла таъминоти илмию техникии лоиҳакашӣ ва сохтмон ҳамчун унсури коҳиш додани хатари сейсмикӣ зикр гардид.
Илова бар ин, сарони вазорату идораҳои Тоҷикистон аҳамияти таъмини муассисаҳои тиббӣ ва мактабҳоро муҳим арзёбӣ карданд.