ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор иштирок кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Тавре гуфта шуд, бинои қасри фарҳанг 3 ошёна буда, барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки барои сохтмони ин иншооти муҳим 35 миллион сомонӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати 0,65 га. бунёд мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносои бо лоиҳаи бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Фархор ба масъулин барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ дастур дод.
Раҳбари кишвар ҳамчунин барои дар мӯҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ масъулинро вазифадор кард.
Гуфта шуд, ки бо бунёди ин иншооти фарҳангӣ шароити фаъолияти аҳли фарҳанги ноҳия боз ҳам беҳтар гардида, бо тарҳи зебояш намои маркази ноҳияро назаррабо мегардонад.